ФАЪОЛИЯТИ МО?

Фаъолияти мо равона шудааст ба:

-  Баҳодиҳии вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва таҳияи маводи таҳлилӣ дар самти ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон.

-  Таҳлили қонунҳои миллӣ барои мутобиқат ба стандартҳои байнулмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон;

- Таҳияи воситаҳои методӣ ва дигар маводҳои омӯзишӣ дар самти ҳуқуқи инсон.

- Мониторинги иҷроиши уҳдадориҳои байнулмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инссон, омода кардани гузориши алтернативӣ ва шикоятҳои инфиродӣ ба СММ дар самти ҳуқуқи инсон.

- Баланд бардоштани тахассуси институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти иҷроиши фаъолиятҳо вобаста ба ҳуқуқи инсон.

- Дигар чорабиниҳо самти ҳимояи ҳуқуқи инсон.

МУВАФФАҚИЯТҲОИ МО

1. Кормандони Фонд мутахассисони пешбар дар самти раҳоӣ аз шиканҷа мебошанд. Фонд яке аз муассисон ва ҳамоҳангсози Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, ки 11 ташкилот ва зиёда аз 80 ҳуқуқшиносон, журналалистон ва фаъолони ҷомеаро гирд овардааст, ки талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутаҳид месозад. Аз соли 2011 то инҷониб Эътилоф ба сохтори мутаносибан фаъолияткунандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил ёфт, ки ҳам дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ эътироф карда мешавад. Эътилоф барои тамоми аъзоён ва шарикон заминаи муҳим ва муҳити бехатар маҳсуб меёбад, ки дар доираи он метавон кӯмаку дасгирӣ, маслиҳат ва машварати касбиро гирифт, сатҳи тахассуси худро баланд бардошт, саъю кӯшишҳоро ҷиҳати боз ҳам самараноктар таъсир расондан муттаҳид сохт ва назди шахсоне, ки қарорро қабул мекунанд, ҷабрдидагон ва донорҳо бо як овоз баромад намуд.

2. Фонд яке аз ташкилоти пешқадами Осиёи Миёна, мутахассис дар марҳилаҳо ва механизмҳои риояи уҳдадориҳои байнулмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон аст. Коршиносони фонд фаъолона дар самти таъсиси механизмҳои риояи уҳдадориҳои байнулмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон, мониторинги иҷроиши уҳдадориҳои байнулмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон, гузаронидани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани тахассуси мақомоти давлаӣ, ҳуқуқшиносон ва фаъолони ҷамъиятӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна вобаста ба ин самтро пеш мебаранд. Кормандон ва коршиносони фонд вобаста ба омодакардани гузоришҳои Ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар самти иҷроиши механизмҳои конвенсияҳо вобаста ба ҳуқуқи инсон, ҳамчунин механизмҳо дар доираи Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, фаъолона ҳамоҳангсозӣ мекунанд.

3. Фонд фаъолиятҳои инстутҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба омода кардани маводи таҳлилӣ барои пешбурди ҳуқуқи инсон дар рафти гузаронидани Диалогҳо оид ба ҳуқуин инсонро ҳамоҳангсозӣ мекунад.

4. Фонд фаъолиятҳо оид ба баланд бардоштани дониши тахассусии кормандони институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқшиносон дар самти ҳуқуқи инсон ва фаъолияти ҷудогона дар ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятиро анҷом медиҳад. Мо тренингҳо ва чорабиниҳои махсус мегузаронем, ироаи машваратҳои алоҳида ҳамчунин омодагардонии маводҳои омӯзишӣ ва роҳнамо дар самти ҳуқуқ ва ҳуқуқи инсон.

СОМОНАИ МО

Сомонаи мо таҳти www.notabene.tj дастрас аст.

Дар сомонаи мо Шумо метавонед маълумоти комил дар мавриди фаъолият, амалигардонии лоиҳаҳо ҳамчунин маводҳоро дастрас кунед. Дар сомона маводҳои раванди иҷроиши уҳдадориҳои байнулмилалӣ вобаста ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна, ҳамчунин гузоришҳои миллӣ ба СММ, гузоришҳо ва пешниҳодҳои ниҳодҳои СММ, мулоҳизот оид ба паёмҳои инфиродӣ ва ғ. нашр гардидаанд. Сомона Васоити ахбори омма ба ҳисоб намеравад.

ХАБАРҲО